ХИЗМАТРАСОНИИ КИТОБӢ ТАРИҚИ КИТОБХОНАИ САЙЁР

Вахш:  

Китоб сарчашмаи ҳамаи донишҳо мебошад. Китоб инсонро тарбия менамояд ва мо тамоми маводҳою адабиётҳои лозимиро аз ин сарчашмаи бемузду меҳнат мегирем. Толибилмон ва тамоми аҳли башарро ба китобхонӣ ҷалб намудан вазифаи ҳар як омӯзгор мебошад. Чунки китоб чашмаест хушкнашаванда, оби онро чи қадар нӯшӣ ҳамон қадар зиёд шудан мегирад. Китоб инсонҳоро ба тоифа ҷудо намекунад ва китобхонро ба мақсадҳои олии динию дунявиаш мерасонад. Касоне, ки ба китобхонӣ машғул мешаванд, аз сухану ҳодисаҳои бемаънию беҳуда дур мешаванд. Китоб дӯсти беғараз, маслиҳатчӣ ва роҳнишондиҳанда мебошад.Ба мақсади ичрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, оид ба ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба китобхонӣ  як қатор чораҳои заруриву саривақти аз тарафи аъзоёни ТИ “Китобдорон” дар ноҳия андешида шудааст, яке аз онҳо ташкили китобхонаҳои сайёр аз тарафи китобдорон мебошад, ки аъзоёни ташкилот ба ташкилоту идораҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон рафта хизмати китоби мерасонанд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.