САҲМИ ҶАВОНОН ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷавонону фаъолони ноҳияи Муъминобод дар баробари калонсолон дар ҳашарҳои дастаҷаъмона фаъолона иштирок намуда, кӯчаву хиёбонҳои марказии ноҳияро тозаву озода ва рангубор карда истодаанд.

Чавонону фаъолони ноҳияи ифтихор аз он мекунанд, ки имрӯз дар як фазои орому осуда, истиқлол ва сулҳу ваҳдат зиндагӣ ва таҳсил намуда истодаанд. Аз ин рӯ, бо қаноатмандӣ иброз медоранд, ки истиқлолият ганҷинаи бебаҳои давлати мо ба ҳисоб рафта, ин ободӣ ва ин шароити мусод ба мо имкон медиҳад, ки илмҳои замони муосирро ба пуррагӣ аз худ намуда, баҳри пешрафту ободии ин сарзамин нақши муассири хешро гузорем