ТАРҒИБИ ХОНА БА ХОНАИ НУФТАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Рӯзи 28 марти соли ҷори дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории корҳои фаҳмондадиҳии муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доштанд бо усули хона ба хона гардиш намуда бо сокинон оид ба мавзуҳои матраҳшуда суҳбар намуданд. Ҳамзамон карйд карда шуд, ки Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи давлатӣ дастур доданд, ки барои иҷрои супоришҳои дар мулоқот зикргардида баҳри таъмини волоияти қонун, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва исрофкорию зиёдаравиҳо дар байни аҳолӣ корҳои огоҳсозӣ баранд ва тадбирҳои мушаххасу саривақтӣ амалӣ намоянд. Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи мамлакат оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд.  Ҳамзамон ба сокинони маводҳои таблиғотӣ аз қабили брошура ва варақоҳо тақсим карда шуд.