МУЛОҚОТИ НАМОЯНДАГОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ЩИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН” ОИД БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАОЛОНУ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИН

Фархор:  

 

Шурӯъ аз санаи 27 марти соли ҷорӣ дар доираи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқотҳо бо сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин роҳандоши шуда истодааст. Санаи 28 марти соли ҷорӣ чунин як мулоқоти судманд дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки мудири маорифи ноҳия Мирализода Лутфулло баргузор гардид, ки дар он сокинони маҳаллаи №2 – и шаҳрак иштирок доштанд. Зимни суханрони раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар масъалаи ташвишоваре, ки Пешвои миллат диқати ҷидди худро равона карда буд инҳа бошад пешгирии хуруфот суханрони намуда иброз доштанд, ки Имрўзҳо ташкилоту ҳизбҳои сиёсие ҳастанд, ки кўшиш мекунанд мақсаду мааром. Ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо рафтору кирдори вайронкоронаи худ амалӣ намоянд. Ифротгароӣ одатан ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ба ҷиноят табдил меёбад, ки дар он усули нашшавӣ ба мақсад, роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ бо роҳи зўрӣ ё усулитеррор интихоб карда шавад. Ифротгароие, ки дар соҳаи сиёсии ҳаёти давлат ва ва ҷомеа ба миён меояд, сиёсӣ ва ифротгароие, ки дар дин ба вуҷуд меояд ифротгароии динӣ номида мешавад. Яке  аз хусусусияти ифротгароии динӣ муосир дар он аст, ки аксари кули пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд.   Дар идома Шоимардонзода Хайрулло аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сухан баромада оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тазими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” иброз доштаед, ки Тоҷикистон, пас аз фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, давлат ба масъалаи аз байн бурдани  тақлидкориҳои ҷоҳилона, таассубу хурофот, каҷрафторию исрофкориҳо, ифротгароӣ ва ҳар гуна рафтору падидаҳои номатлуб, бо асли таълимоти ақлонӣ, таҳаммулмеҳвар ва дорои мазмуни амиқи инсондӯстонаи мазҳаби ҳанафӣ бегона, инчунин  танзими ҳуқуқии раванди эҳё ва таҷдиди шуури динии тоҷикон ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ намуд. Ба ин мақсад   санадҳои махсуси меъёрию ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва ғ.) қабул ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд, мунтазам  тадбирҳои зарурии илмию фарҳангӣ андешида ва амалӣ карда мешаванд. Чӣ тавре ки Пешвои миллат таъкид карданд, боиси ифтихори мост, ки бунёдгузори мазњаби њанафї, ин мазҳаби бузургтарин ва бонуфузтарини исломӣ, ки аксарияти мутлақи халқу миллатҳои мусулмони ҷаҳон пайрави он мебошанд, аз лиҳози мансубияти нажодӣ – ориёӣ, эронитабор аст. Балх- ватани аҷдодии Имоми Аъзам ҷузъе аз сарзамини паҳновар ва тамаддунхези Ориёнвиҷ- ҳудуди таърихӣ-ҷуғрофиёии густариши тамаддуни зардуштӣ ва сукунати халқҳои ориёӣ маҳсуб мешуд, ки Осиёи Марказӣ, Эрон ва як қатор минтақаҳои дигари бо онҳо ҳамҷаворро дар бар мегирифт. Дар чунин як сарзамини бузург ҳанӯз чоруним ҳазор сол пеш аз зуҳури Ислом дини тавҳидии зардуштӣ густариш ёфта буд, ки ба пайравонаш дар зиндагии фардию иҷтимоӣ ҳамеша ва қотеъона риоя кардани принсипи сегонаи ахлоқӣ- пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори некро талқин ва ташвиқ кардааст.