БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” АЗ ҶОНИБИ ТИҲ "ТЕЛЕВИЗИОНИ ХАТЛОН"

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Телевизиони Хатлон" дар доираи аксияи ҳизбии зери унвони “ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор” як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расонида, саҳн ва гирду атрофи бинои кориро тозаю озода намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.