БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РАВОНШИНОСОНИ ҶАВОН”

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Дар Кумитаи ибтидоии ҳизбии "Олимон"-и назди  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг маҳфили навбатии “Равонишиносони ҷавон” баргузор гардид. Дар маҳфил аъзои ҲХДТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Изатова Муҳаббат, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ, дотсент Шарипов Бахтовар, муаллими калони кафедраи мазкур Табарова Зарторбӣ, ассистентони кафедра Қосимов Пӯлод ва Назарова Хосият ва ҳайати донишҷӯён аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан-1"  иштирок доштанд. Сараввал, ассистенти кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Назарова Хосият суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан-1" донишҷӯи курси 4-уми факултет Ҷумахонзода Ҷамшед дар мавзуи “Мафҳуми умумӣ дар бораи фурустратсия”, ва Шарипова Манижа дар мавзуи “Сабаби пайдоиши фурустрат ва пешгирии он” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Дар бахши музокирот, маҳфил бо саволу ҷавоб миёни устодону донишҷӯён хотима ёфт.