ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Таҳти ин унвон бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани донишҷуён, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона дар Кумитаи ибтидоии ҳизбии "Олимон"-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ Рузиева Барно бо иштироки омӯзгорон занон ва донишҷӯ духтарони ҷиҳати муарифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин рӯз, омӯзгоронзанон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳ бо либосҳои миллӣ дар саҳни Донишгоҳ ба сайру гашт баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.