ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР А. СИНО

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар асоси барқияи телефонии раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати баргузории корҳои ободони ва панҷшанбеи ҳар ҳафта доир намудани ҳашарҳои дастаҷаъмона, масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбити “Муборак” дар кучаи А. Синои Ҷамоати шаҳраки Фархор бо корбарии раиси маҳалла Раҷабов Аслиддин корҳои ободони ва тозаги баргузор намуданд. Дар ин ҳашар сокинон ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ҳашар баромада роҳи кучаро, ки сокинон тариқи ин роҳ роҳи худро то беморхонаи марказии ноҳи кутоҳ мекунанд аз партовҳо тоза намуда мақсад доранд, ки дар рӯзҳои наздиктарин сангфарш ва чароғон кунанд. Ҳамзамон ҷуйҳои обгузар ва бехи дарахтон тозаву нарм намуданд. Дар кори ҳашар намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Мирзоев Толиб иштирок доштанд.