КОРҲОИ ОБОДОНИ ДАР НАЗДИ БИНОИ ҲХДТ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо иштрироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар назди бинои корӣ корҳои ободанию хурамгардонӣ дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили созовори ҷашни 30 солагии ҲХДТ доир карда шуда истодааст. Кормандони ҳизби ба тоза намудани новаҳои бетони ва алафҳои бегонаи ҳудуди бино машгул гардиданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи аксияи ҳизбии “Рӯзи ободонию созандагӣ” маъракаи гулу ниҳолшинонӣ баргузор шуда истодааст, ки дар он масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия иштироки фаъолона доранд.