САҲМИ МО ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

А.Ҷомӣ:  

Бо иштироки кормандони МТМУ №31 дар назди бинои муассисаи мазкур аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур кормандон, волонтиёрон, аъзоёни ҲХДТ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан ” фаъолона ширкат варзида, дар рӯбучини роҳравҳо, нарм намудани зери дархотон ва тоза кардани алафҳои бегона машғул гашта, бо корҳои тозакунию тамизкорӣ саҳми худро гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида мешавад.