ҲАМКОРИИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Ҳамадонӣ:  

Ҳамкории милитсия бо ҷомеа

          Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси ноҳия 13-уми марти соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон», дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба ҳайати он намояндагони бахшу шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони ВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД ҶТ-и дар ноҳия шомил буданд, таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Д.Муҳуддинзода бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии деҳот вохӯрӣ доир гардид. Дар вохурӣ меҳмонон баромад карда, ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз хатари терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатњо ва равияҳои хусусияти ифротидошта, маҳкум намудани ғояҳои иртиҷоӣ ва зарари он ба амнияти давлат, иғвоандозӣ, бегонапарастӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила ва ба ин васила дар ниҳоди ҷавонон парваридани ташаккули таҳаммулпазирии мазҳабӣ ва миллӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарзи ҳаёти солим ибрози андеша намуданд.