САҲМИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ

Данғара: Вокуниш  

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавии худро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои он дар давраҳои пеш мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст.

Терроризм ва эсктремизм, яке зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб намудааст. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд ва ҳамчунин ба оммаи васеи одамон низ фишори сахти маънави рӯҳӣ мерасонанд ва дар баробари ин арзишҳои моддию маънавиро низ нобуд сохта, дар миёни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурӯҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба бор меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳоии хеш таъкид намудаанд, ки “террорист Ватан, миллат ва дин надорад”. Коршиносон зимни таҳлилҳои худ ба хулоса омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо, ки дар кишварҳои мусулмонӣ сурат мегиранд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Имрӯз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ Толибон, Ал-Қоида ва ДИИШ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро басо ҳам муташанниҷ гардонда, боиси саргардонӣ ва кашшоқии мардуми он гаштааст. Ба маврид аст бигӯем, ки барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок алайҳи мубориза бар терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро қабул кардаанд. Фаъолияти ифротгароӣ, ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки ҳадафи ниҳоии онҳо бо роҳи зўроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионии кишварҳои дунё мебошад. Дар ҳуҷҷатгузории Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуди террор маънидод карда мешавад:

­ Якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷгардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ;

­ Дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне ташкил намудани гурӯҳҳои ҷинояткории муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мӯътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад шароити мусоид барои содир кардани ҷиноят, масалан ҷиноятҳои трансмиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд ва ғайраҳо мебошанд.

Дар соҳаи иқтисодиёт бошад бо роҳи террористӣ онҳо рақибонашонро метарсонанд ва мақомотҳоеро, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд. Вобаста ба оне ин ду намуди терроризм ба якдигар робитаи ногустани доранд, ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ҷинояткории муташаккил, ки дар кори муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурўши силоҳ, ҷиноятҳои трансмилӣ даст доранд, онҳо аз ин истифода бурда ҳатто ҳамдигаро бо маблағу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, миёни якдигар ҳамкорӣ менамоянд. Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани акти террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.

Аммо, дар ҳар ду ҳолат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва тарсу ваҳм андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳар ду маврид аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад. Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният дар соҳаи мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, алалхусус терроризм ва ифротгароӣ мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид амал менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муваззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ки ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва созишномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароии динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра шартномаҳо ба тавсиб расонидааст.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд. Мардуми шарифи тоҷик бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омўзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда, ҳамеша озод ва шукргузор бошанд.

Олимов Раҳмоналӣ Амоналиевич, н.и.х., дотсент, декани факултети муҳандисӣ ва меъморӣ