ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ҲАМЧУН ТАҲДИДИ СИЁСӢ

Данғара: Вокуниш  

Терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро бештар  ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дода буданд, ки ба он бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриву муассир биандешанд.

Аз ин рӯ, ҳамасола зимни ироаи Паём, хоса дар панҷ соли охир дар мавриди ин падидаҳои номатлуби давр ва мубориза бо онҳо андешаҳояшонро равшану возеҳ иброз медоранду дастурҳои мушаххас медиҳанд.

Экстремизми динӣ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ҳодисаи муҳими умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки экстремизми динӣ заминаи васеи ташаккул ва омилҳои зиёди гуногунро ба худ доро мебошад. Масъалаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, қашоқӣ, дур мондани гурӯҳҳои ҳокимиятхоҳ аз ҳокимият дар аксарияти ҳолатҳо ба пурзӯр гардидани экстремизми динӣ мусоидат менамоянд. Мақсади экстремизми динӣ барангезиши нафрату адоват, фаъолияти номувофиқи динӣ мебошад, ки ба ғасби ҳокимият равона карда шудааст. Ғасби ҳокимият ба тағйири сохтори давлатӣ, истиқлолият ва ягонагии давлату давлатдорӣ оварда мерасонад. Таҳлил ва баррасии экстремизми динӣ нишон медиҳад, ки он ҳамчун шакли ниҳоии амалҳои харобкунандаи иҷтимоиӣ баромад намуда, барои амнияти давлат, асосҳои инкишофи устувори ҷомеа таҳдидҳоро ба миён меорад.

Қайд намудан зарур аст, ки масъалаҳои мухталифи ифротгароӣ дар шароити муосир аз тарафи муҳаққиқони мухталиф мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст, лекин ҳанӯз муносибати ягонаи таҳқиқоти нисбати ин падида ташаккул наёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зуҳуроти ифротгароӣ, шаклҳои мухталиф, инкишоф, мазмуну мундариҷа ва боисияти он аз омилҳои таърихӣ иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва минтақавӣ вобаста аст. Чунин мешуморем, ки барои муборизаи самаранок бо ифротгароӣ, дарки консептуалии ин падида, коркарди заминаҳои методологӣ ва методҳои таҳқиқи моҳияти он аҳамияти махсусро касб менамоянд.  

Дар ин давра, ба минтақа созмонҳои мухалифи хайрхоҳона ва фарҳангиву маърифатпарвар аз ҷаҳони ислом ворид шуданд. Онҳо аз ин имкониятҳои худ васеъ истифода намуда, идеологияи худро ба таври мунтазам дар минтақа паҳн намуданд. Чунин мешуморем, ки вазъияти имрӯзаи минтақа, аз бисёр ҷиҳат, бо фаъолияти ҳамин созмону ташкилотҳои хайрхоҳона ва фарҳангивумаърифатпарвар алоқаманд аст. Боздошти оммавӣ нисбат ба гунаҳкор донистан ба ифротгароӣ дар худ таҳдиди ҷиддиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷассум менамояд.

РАҶАБАЛИЗОДА Ҳокимали Раҷабали,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.