БО ФИРЕБУ НАЙРАНГИ  ГУРӮҲҲОИ  ТЕРРОРИСТӢ НАБОЯД БОВАР КАРД

Данғара: Вокуниш  

Мо мардуми  тоҷик, бахусус  насли ҷавон  бояд фаромӯш насозем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сангарҳои мухолиф тақсим шудани ҷавонони хунгарму бетаҷриба, ҳамин тарғиботи тундгароёна ва ташвиқоти яктарафаву густариши афкори бегонапарастӣ буд, ки кишвари моро ба вартаи шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънави гирифтор намуд. Яке аз зуҳуроти номатлубе, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ки ҳуқуқвайронкунӣ, бахусус содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебошад.  боиси нигаронист, ки имрӯз гурӯҳе аз ноболиғону ҷавонон ба ҷои андӯхтани илму дониш ва гирифтани ҳунар, баръакс ба беҳудагардӣ ва амалҳои ношоям даст зада, бо ин кирдоҳояшон ба шаъни хонавода, ҷомеа ва миллат иснод меоранд. Баъзе аз ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз қабили “Толибон”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра бо роҳи ҷалбсозии онҳо аз тарафи намояндагони ин ҳизбу ҳаракатҳо тариқи шабакаҳои интернет, мисол шуда метавонад. Имрӯзҳо шабакаҳои интернет аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбари кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад. Мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иҷтимоӣ дар нуқтаҳои ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст.  Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухадир ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Дини мубини Ислом як сарчашмаи покизагии маънавӣ ва ахлоқӣ аст ва бегонапарастӣ, тундравӣ, инсонситезиро намепазирад. Ба шумури ин афрод ҷавононе шомиланд, ки бо фиребу найранги ин гурӯҳҳои террористӣ бовар карда , даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳаёти худ ва шаҳрвандонро зери хатар мемонанд.мо тоҷикон якбор меваи талхи тундгароиву зиёдаравиро чашидем, ба таври лозимӣ мусаллаҳ набудани ботину зеҳни ҳар як фарди тоҷикро дарк намудем ва дидем, ки инсонситезӣ чӣ хатарҳои мудҳиш ва чӣ гуна оқибатҳои ногуворро падид меорад. Он ҷавонони гумроҳшуда, ки бояд дар сафи ободкорон бошанд, на дар сафи одамкушону ғоратгарони гурӯҳҳои ба ном  муборизони роҳи ислом. Мо мардуми мусулмон, медонем, ки ҳадафи аслӣ ва муқаддаси ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқии пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб ва рафтори нек мебошад.

Аз ин хотир, ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, бахусус насли ҷавонро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надиҳад, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инсонпарвариву ватандӯстиро пуштибонӣ намояд ва фирефтаи идеологияи ғаразноки кишварҳои бегона нагардад. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли  мо барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати таҳсилу касб омӯхтан муҳайёст. Пас месазад, ки мо бояд ҳамеша дар омӯхтани илму дониш бошем.

Бояд хонд, ҳунар омӯхт ва аз пайи кор шуд, оилаи ободу зебое барпо кард. Меҳнате, ки ба нафъи Ватан мекунем, ба нафъи оилаи худ низ ҳаст. Зеро асоси ҷомеа аз оила ташаккул меёбад.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ -  муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара