ВОХӮРИ БО АҲЛИ МАОРИФЧИЁН

Данғара:  

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр!

Вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин бо аҳли маорифчиёни ноҳия доир гардид.

Қобили тазаккур аст, ки дар вохӯрӣ бо аҳли маорифчиён дар бораи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқию хештаншиносии аҳолӣ доир ба тарғиботу ташвиқоти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи стратегияи муқовимат ба экстремизму терроризм” , инчунин, дар бораи масоили таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, ҳуруфотпарастӣ ва дигар кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа баромад намуданд.