КАФОЛАТИ ШИФОЁБӢ АЗ СИЛ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

24-уми март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил аст. Маризии ин беморӣ агарчи хатарнок арзёбӣ мешавад, вале табобатшаванда аст. Бархе аз гирифторони ин беморӣ аз ноогоҳии шифоёбӣ ва ё ба хотири ифшо нашудани маризиашон дар хона ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки дубора ба ҷони худ хатар эҷод мекунанд.

Табибон муроҷиати саривақтии беморони силро ба шифохона мусбат арзёбӣ мекунанд. Гулрӯ номи шартии як сокини шаҳри Бохтар аст, ки моҳи майи соли 2022 мубталои бемории сил шуд. Нафастангию бемадорӣ ва камшавии иштиҳову ҳарорати баландро дар худ эҳсос карда, ба табиб муроҷиат намуд.
 

«Баъди муоина табиби амрози даруна бароям дорухат навишт ва табобатро оғоз кардам. Ҳангоми гузаронидани сӯзандору аз пуштам як садоеро эҳсос мекардам, бинобар ин, дубора муоина кардам. Маълум шуд, ки мубталои бемории шуш гардидаам. Ҳамин тавр 41 рӯз дар шифохона бистарӣ шудам. Илова бар ин шаш моҳ доруҳои зиддисилӣ истеъмол кардам. Ҳоло пурра аз ин беморӣ шифо ёфтам», - нақл мекунад Гулрӯ.
 

Баъди он ки дар ташхисҳоям нишонаҳои бемории силро дидам, нахуст сахт тарсида, ҳатто умеди зистанро аз даст дода будам. Гумон кардам, ки то охири умр дору истеъмол карда, аз ҷомеа дар канор мемонам. Аммо табибон муроҷиати саривақтии ӯро мусбат арзёбӣ кардаву ба ӯ дуюмбора умеди зистанро бахшиданд.
 

Ҳамин сон, баъди шифо ёфтан Гулрӯ ба онҳое, ки мубталои бемории сил мешаванд, тавсия медиҳад, ки дар қадами аввал аз ин беморӣ наҳаросанд. Баръакс, гирифторони бемории силро мебояд, ки сари вақт ба духтур муроҷиат карда, ба табобат фаро гирифта шаванд ва ба зиндагии ояндаашон идома диҳанд. Зеро ӯ дар таҷрибаи ҳаётии худ итминон ҳосил кардааст, ки ин бемории табобатшаванда аст.
 

Чанд сол пеш қисме аз шахсони мубталои бемории сил маризии худро пинҳон дошта, дар хона ба худтабобаткунӣ машғул мешуданд. Гӯё гӯшти саг давои бемории сил буда, онро истеъмол мекарданд. Вале бо гузашти вақт хатари бемориашон шиддат мегирифт ва билохира ба духтур муроҷиат мекарданд. Табибони силшинос мегӯянд, ки то кунун чунин ҳолатҳоро мушоҳида ва сабт мекунанд.
 

Табибони силшинос бар ин назаранд, ки сил бемории сироятӣ буда, аз шахси бемор ба шахси солим дар вақти суҳбат кардан, атса ва сулфа задан мегузарад. Онҳое, ки ба ин беморӣ мубтало ҳастанду табобат намегиранд, дар муддати 1 сол то 15 нафар одами солимро ба ин беморӣ гирифтор мекунанд. Табобати нодуруст ва дер оғоз кардани он ба табобати муҳлаташ дароз, маъюбӣ ва марг оварда мерасонад. Нишонаҳои асосии бемории хатарноки сил бемадорӣ, камшавии иштиҳо ва вазн, баландшавии ҳарорат то 37C-37,5C ва арқкунии шабона мебошад.
 

Суҳроб Камолов, табиби силшинос аз Маркази вилоятии бемориҳои сил дар вилояти Хатлон мегӯяд, беморони силе, ки дорои микробҳои хориҷкунунда ҳастанд, ба наздикону атрофиён хатар доранд. Онҳо давоми ду моҳ дар беморхона бистарӣ шуда, зери назорати табибони силшинос қарор мегиранд. Баъдан, дубора аз ташхиси силӣ гузашта ба табобати амбулаторӣ, яъне, табобат дар хона ва он ҳам зери назорати тибби оилавӣ ва ё силшиноси минтақавӣ аз 4 то 6 моҳ табобатро идома медиҳад.
 

«Баъди 6 моҳи табобати амбулаторӣ боз аз ташхис мегузаранд ва дар сурати пурра шифо ёфтан аз истеъмоли доруҳои зиддисилӣ озод шуда, ба атрофиён хатар надоранд. Ҳаст одамоне, ки бемориашонро пинҳон медоранд ва ё пурра табобат намегиранд ва дар чунин ҳолат табобати онҳо давомдор идома меёбад, ё ба дигар оқибатҳои ногувор оварда мерасонад» мегӯяд силшинос.
 

Табибони силшинос мегӯянд, ки ин маризии сироятӣ ба занони қобили таваллуд барои се сол иҷозаи таваллуд карданро намедиҳад, зеро дар сурати мавҷуд будани нишонаҳои беморӣ иммунитети бадан суст гардида, ин ҳолат ба саломатии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
 

Ба гуфтаи Суҳроб Камолов бархе аз муҳоҷирон ҳангоми кор дар Русия мубталои бемории сил гардида, дар инҷо ба табобат фаро гирифта мешаванд. «Муҳоҷироне, ки бемории сил ҳастанд, набояд нисбати ин беморӣ беэътиноӣ зоҳир кунанд. Зеро метавонад ба ҷони онҳо хатар дошта бошад. Бояд пурра табобат шаванд ва баъдан ба муҳоҷират сафар кунанд» - мегӯяд С. Камолов.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа аввалин маротиба соли 2003 барои коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба бемории сил дар мамлакат “Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” қабул гардид, ки то соли 2007 тамоми ҷумҳурӣ бо ин Барнома фаро гирифта шуда буд.

 

Баъдан, то ба имрӯз дар самти пешгирӣ аз бемории сил дар кишварамон се Барномаи давлатӣ қабул ва амалӣ гардидааст. Ҳамчунин, «Нақшаи стратегии миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2015-2020» ба анҷом расида, соли 2020 “Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2021-2025” қабул гардида, айни замон мавриди амал қарор дорад.
 

Суҳроб Камолов мегӯяд, ки давоми се соли ахир ба вилояти Хатлон дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла, 7 дастгоҳи портативӣ ворид гардид, ки тавассути ин таҷҳизот илати бемор давоми ду соат муайян карда мешавад. То ворид шудани чунин дастгоҳҳо беморон барои ташхис ва табобат ба беморхонаи "Шифо"-и шаҳри Ваҳдат мерафтанд. Мавриди зикр аст, ки айни ҳол дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят озмоишгоҳҳои бактеорологӣ муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосир фаъолият доранд.
 

Тибқи иттилоъи масъулин соли 2023 шумораи гирифторони бемории сил дар вилояти Хатлон ба 3 ҳазору 408 нафар расидааст, ки нисбат ба соли 2022 андаке коҳиш ёфтааст.

Амонҷон Муҳиддинов,
“Ҳамрози халқ”