НАВРӮЗ ҶАШНИ ОРИЁӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

                                                                                                                                              Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                                                                                                        муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯз аз маҳбубтарин ва маъруфтарин идҳои миллӣ буда, моро ба таърихи гузаштагонамон мепайвандад.  Ниёгони мо Наврӯзро аз аҳди қадим ҷашн мегирифтанд. Оғози таҷлили Наврӯз ба аҳди Ҷамшед нисбат дода мешавад, ки он дар замони Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии мардуми ориёӣ табдил ёфтааст.
 

Наврӯз воқеан ҳам таблиғгари некӣ, рӯшноӣ, адолат, сулҳу ваҳдат аст, ки инсониятро ба накӯкорӣ, хайрхоҳӣ, ободкорию созандагӣ  раҳнамоӣ менамояд ва ҳидоятгари гуфтори нек, пиндори нек ва рафтори нек аст.
 

Инак, бо фарорасии фасли баҳорон ва шукуфтани гули бойчечак, ки муждаи баҳор аст, тамоми мавҷудот аз хоби ноз бархоста, олам мунаввар мешавад. Табиат қабои нав пӯшида,  замину боғистон ва талу пуштаҳоро гулу сабзаҳои махмалин  сарсабз менамоянд.
Албатта, бедории табиат ба кас ҳузуру ҳаловат бахшида зеҳну замири инсонро мунаввар месозад. Гузаштагони тамаддунофарамон аз замонҳои қадим  ҷашнҳои  бузурги аҷдодии Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои  миллӣ  ҷашн мегирифтанд. Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ буда, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ ва аз нигоҳи илмӣ дақиқтарин мизони баробаршавии шабу рӯз, яъне ба эътидол омадани табиат аст.
Наврӯз на танҳо  ҷашни оғози сол, эҳёи табиат, хуррамии рӯзгор, балки,  такондиҳандаи андешаи ваҳдати оламу одам, шиносоӣ бо таърихи пурғановати  миллӣ ва омили тақвияти  ифтихори миллӣ мебошад.

 

Боиси ифтихор аст, ки мо мардуми сарбаланди  Тоҷикистон яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу субот  ва истиқболи  шоиста аз санаҳои муҳимми таърихии 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем.    
Наврӯз омили бунёдии ҳам-дилию ваҳдатофаринӣ ва фар-ҳанги сулҳу мадоро буда, баҳри ҳамкорӣ дар ин ҷода неруву иқтидорро меафзояд.  Дар ҳар давру замон тоҷикон расму ойинҳои худро аз насл ба насл ба мерос гузошта,  кӯшиш мекарданд, ки бо  бовариҳои асотирии худ ба қувваи бадӣ, яъне, аҳриманӣ таъсир расонанд, то дар соли нави оянда рӯзгори пур аз шодмонӣ дошта бошанд.

 

Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ойини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард.  Ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса таҷлил мегардад.
 

Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуда, дар дигар давлатҳо низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва расму ойинҳои миллӣ таҷлил карда мешавад.
 

Хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди давлату миллати  Тоҷикистон мояи ифтихори наслҳо буда, ҳамчун нишони садоқати баланд нисбат ба Ватан ва миллати тамаддунсози тоҷик бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаи таърихи муосири давлати соҳибистиқлоламон сабт хоҳад гардид.
 

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Наврӯз дар кишвари мо бо ҳама шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, дар баробари Рӯзи Истиқлол ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани тантанаҳои наврӯзӣ, маҷмааи зебову муосири «Наврӯзгоҳи пойтахт» бунёд карда шуд. Ҳамчунин, ҳамасола ба истиқболи иди Наврӯз дар варзишгоҳҳои марказии шаҳру ноҳияҳои кишварамон маросими бошукӯҳ баргузор мегардад. Дар ин рӯз ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, мардум бо ташкилу баргузории мусобиқаҳои муҳташами варзишии гӯштин, бузкашӣ, аспдавонӣ ва ғайраҳо анъанаҳои машҳури ниёгони хешро зинда мегардонанд.
 

Ба бахти мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва иқдомҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тули солҳои Истиқлоли давлатӣ Наврӯз ва анъанаҳои оламгири он аз нав эҳё гардида, сол аз сол Иди Наврӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил карда мешавад, то ин ки насли ояндаи мо бо баҳрамандӣ аз расму ойинҳои аҷдодии хеш ин ҳама шукӯҳу шаҳоматро ҳамчун мероси бузурги фарҳанги миллӣ барои наслҳои ояндаи мо мерос гузоранд.

Зебо Икромзода,
“Ҳамрози халқ”