АЗ ТАЪРИХИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Шукри даврони истиқлол, ки бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бостонии Наврӯз Иди байналмилалӣ гардид. Ин падидаи фарҳангӣ ба оламиён бори дигар нишон дод, ки халқи тоҷик на танҳо мардуми шеърдӯсту адабпарвар, балки он ҳамчун миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун низ мебошад. Ин иди бостониро беҳуда Наврӯзи Аҷам наменоманд, чунки он пеш аз омадани арабҳо дар сарзамини мардумони форсинажод маъруфу машҳур буд.

Аксарияти муҳаққиқону бостоншиносон бар он ақидаанд, ки Наврӯз аз даврони қадим маҳз дар ин сарзамин пайдо шуда, дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед шукӯҳу шаҳомати хоса касб кардааст. Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки тоҷикон ин иди бостонии худро бо вуҷуди ҳуҷумҳои пайвастаи аҷнабиён фаромӯш накарданд ва ҳамасола онро ҷашн мегиранд. Тоҷикону дигар мардумони ин сарзамин бо омадани фасли баҳор барои таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз ба идгоҳҳо мешитофтанд ва ин айёмро бо шодмонӣ ба сар мебурданд.
 

Халқи тоҷик миллатест, ки бо адибони оламшумули классикии худ ифтихор дорад, зеро онҳо бо осори пурарзиши худ дар ғанӣ гардонидани сарвати маънавии мардум нақши бузург доштаанд.Чунончи, Абурайҳон Берунӣ дар китоби худ «Осор-ул-боқия» дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст» чунин овардааст: «Ва чанде аз ҳашвия (мунаҷҷимони бе ягон далел пешгӯикунанда, «мунаҷҷимони бозорӣ») ме-гӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарини худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон ба даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне, рӯзи тоза биёмад».
 

Берунӣ дар ҷойи дигари асараш боз чунин нигоштааст: «Баъзе аз уламои Эрон мегӯянд: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа (аз дине ба дине шаванда) ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд. Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шайтон онро бардоштанд. Ва дар як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд».
 

Чи тавре ки аз ахбори Берунӣ маълум мешавад, Наврӯз аз замони подшоҳии Ҷамшед ҳамчун иди мардуми эронинажод хеле маълуму машҳур  ва ҳатто пеш аз он ҳам бузургу муаззам будааст. Ин иди бостонӣ бо ҳама анъанаҳои қадимии худ то замони мо омада расидааст.  Дар ин рӯзи ид пиру барно, марду зан – ҳама бо либосҳои идона, бо чеҳраи шукуфон якдигарро табрик мекунанд ва ҳадяҳо мебахшанд. Пеш аз ид онҳо хонаҳои худро тозаю озода карда, гирду атрофи онро рӯбучин мекунанд, то касе табъаш хира нагардад.
 

Ёдовар бояд шуд, ки Ҳаким Умари Хайём ҳам дар рубоиҳо ва «Наврӯзнома»-и хеш ба ин иди бостонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар васфи иди бостонии Наврӯз суханҳои ибратомӯзе гуфтааст. Ӯ аз ҷумла фармудааст: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад».
 

Наврӯз ҷашни миллии мардумони форсинажод буда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Дар бораи қадимӣ будани ин иди миллӣ донишмандони хориҷӣ ва олимони форсизабон дар китобҳои худ маълумоти  мухталиф овардаанд. Аз ҷумла устоди Донишгоҳи ба номи Муҳаммад Таботабоии Эрон Мирҷалолуддини Казозӣ  дар мақолаи «Наврӯз, ҷашни бозгашт ба оғоз» оид ба маънии вожаи «наврӯз» чунин овардааст: «Вожаи Наврӯз бад-он сон, ки ногуфта пайдост, ба маънии рӯзи нав аст. Ин дар паҳлавӣ Нукруч будааст ва дар ҳамин сохти паҳлавӣ ба забони тозӣ (арабӣ) бурда шудааст ва Нукруз гардидааст».
 

Дар «Шоҳнома»-и Абулқо-сим Фирдавсӣ ҷашни Наврӯз, таърих ва анъанаҳои он то андозае  дарҷ  гардидааст. Ӯ пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба Ҷам-шед нисбат медиҳад. Ҷамшед баъд аз он ки як қатор корҳои муфидро барои мардуми замонаш анҷом медиҳад, ҷашни Наврӯзро бунёд мегузорад:

Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чи моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монд аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Сари Соли нав Ҳурмузи фарвадин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон останд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-аш доир ба ин масъала чунин маълумот медиҳад: «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омаданд. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дар-ёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
 

Мирбобо Мирраҳим дар китоби «Ҷашни Наврӯз ва ҷаҳоншиносӣ» оид ба таърихи ин ҷашни бостонӣ ақидаҳои олимони соҳаро чунин овардааст: «Донишманди забардасти китоби «Авесто» ва таърихи он Пури Довуд роҷеъ ба аҳди зиндагонии Зардушт чунин таъкид-
ро раво дониста, ки «бино ба таърихи санаде, ки ба тавассути катибаи паҳлавӣ ба мо расида, ҳазрати Зардушт дар нимаи дувуми қарни ҳафтум ва оғози қарни шашуми пеш аз Масеҳ мезистааст. Аммо нависандагони Юнон ва Рум таърихи бисёр қадимтареро аз барои муассиси дини Эрон қоил шудаанд». Маҳз ба ҳамин асос мо ҳақ дорем ақидаи олимонро дар бораи таърихи ҳафтҳазорсолаи Наврӯз дастгирӣ кунем. Зеро чи тавре Мӯсо ибни Исо ал-Кисравӣ роҷеъ ба таърихи ҷашнҳо қайд кардааст: «Наврӯзро Ҷамшед, вале Меҳргонро Афридун ҷорӣ кардааст ва Наврӯз ду ҳазору панҷоҳ сол муқаддамтар аз Меҳргон аст».

 

Ин муаллиф дар ҷойи дигари китоб аз «Наврӯзнома»-и Умари Хайём чунин иқтибосе овардааст: «Пас, он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонанд, бимонд. Ва то он муддат кабиса накарда буданд ва мардумон ҳам бар он мерафтанд, то ба рӯзгори Ардашери Попакон, ки ӯ кабиса карду ҷашн бузург дошт ва аҳднома бинвишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд. Ва ҳам бар он оин мерафтанд, то ба рӯзгори Нӯшинравони Одил. Чун Айвони Мадоин тамом гашт, Наврӯз кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунон ки оини эшон буд».
 

Чуноне ки маълум аст, Наврӯз ҷашни кадимаи халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик, Қафқозу вилоёти Ҷунгурияи Чин ба шумор мерафтааст. Мувофиқи қарори ЮНЕСКО аз 23 феврали соли 2010, дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, бо аксарияти овозҳо вай «Иди байналмилалии Наврӯз» эълом гардид. Инак, соли понздаҳум аст, ки Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
 

Тибқи анъанаи ниёгонамон «Наврӯзнома»-ҳо аз байту сурудҳои алоҳида ва рисолаҳои илмӣ мураттаб мегарданд. Соли 1326 шамсӣ (1948 м.) Хоҷа Абдулҳакими Тирмизӣ дар синни  120-солагӣ «Наврӯзнома»-е тасниф кард, ки  аз наврӯзномаҳои собиқ таълифгардида фарқ мекард.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илмҳои филологӣ