КОРНОМАИ МЕҲТАРОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳар рӯзу соати сипаригардидаи зиндагӣ моро ба фатҳи дастоварду комёбиҳои навин ва саҳмгузорӣ дар масири рушду созандагиҳои Ватани азиз  наздик месозад. Дар ин шабу рӯз, ки дар баробари истиқбол аз Наврӯзи фархундапайк ҷомеаи саодатёри кишварамон ҷиҳати  омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги кишварамон, аз ҷумла 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаҳои гуногуни корзори Ватан саъю талош доранд, месазад аз корномаи мондагори меҳтарони хеш ёдовар гардем, ки дар ҷодаи хизмат ба халқу меҳани азиз содиқона хизмат бинмудаанд.

Сафарзода Раҳматулло Хайрулло аз зумраи меҳтарони номвари вилояти Хатлон маҳсуб меёбад, ки аз солҳои аввали зуҳури Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар арсаи сиёсат, ҳамсафи пешоҳангони ҷомеаи кишварамон, баҳри рушду барқарорсозии  соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят содиқона кору фаъолият бинмудааст.
 

Дар он солҳои аввали соҳибистиқлолӣ насли ҳамсоли ман аз ҳисоби кормандони соҳаи хизмати давлатӣ, бо донишу собиқаи касбиву роҳбарӣ  ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуда буданд,- ба ёд меорад Сафарзода Раҳматулло.
- Бинобар ин, новобаста ба фаъолиятҳои меҳнативу ҷойгоҳи хеш дар зинаҳои роҳбарӣ дар пешбурди фаъолиятҳои ҳизбӣ ва ташаккули сохторҳои маҳаллии ин неруи пешбарандаи ҷомеа, нақши пешсафӣ нишон медоданд. Чун дар он давра роҳбарии яке аз собиқ хоҷагиҳои номдори “Октябр” имрӯза хоҷагии ба номи Айниддин Қурбонови ноҳияи Вахшро бар зимма дошта, дар таъсис ва роҳандозӣ намудани нахустин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ саҳм мегузоштем. Мусаллам аст, ки аъзои ҳизби сиёсӣ будан ҳисси масъулиятшиносии аъзои асили онро дучанд месозад.

Боз ҳам дар он солу замон, ки кишвари мо аз гирдоби ҳодисаҳои шаҳрвандӣ баромада мардум дар руҳияи ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдориву пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари ҷавони кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаҳои касбӣ содиқона кору фаъолият доштанд.
 

Замони ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанаш Сафарзода Раҳматулло аллакай пайроҳаи пурпечутоби имтиҳони зиндагиро паси сар намуда буд. Хатмкардаи факултети баҳисобгирии молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатии худро аз собиқ ташкилоти комсомол оғоз бинмуда, таҷрибаи зиёде дар соҳаи иқтисодиёт ва фаъолият дар самти назорати халқӣ, шуъбаи таблиғу ташвиқот ва соҳаи маънавиёт андӯхта буд. Бар замми ин дар он шабу рӯз мардум дар симои роҳбарони хоҷагиҳои калони кишоварзӣ  дастёру мададрасони худ-ро медиданд, ки ба гоҳи мушкилиҳои иҷтимоӣ ба онҳо муроҷиат мекарданд. Ин буд, ки Сафарзода Раҳматулло ба ҳайси фаъоли ҳизби навтаъсис  дар ҷалби мардум ҷиҳати шомил шудан ба сафи ҲХДТ нақши муассир дошт.
 

Дар деҳоти Чилчаи имрӯза ноҳияи Темурмалик ба дунё омадаам, аммо дар дусолагиам ман аҳли оилаамон ба ноҳияи Вахш кӯчидаанд ва таҳсилоти ибтидоиро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 гирифтаам. Дар муҳити деҳа ба воя расида бошам ҳам, зодмандону гузаштагони мо ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ниҳоят ҷиддӣ доштанд ва моро дар руҳияи инсондӯстиву меҳру муҳаббати бузург ба Ватан, эҳтирому маҳбубият ба муқаддасоти милливу фарҳангӣ ба воя расонидаанд, - аз овони зиндагӣ аз дудмони падарӣ қисса мекард Сафарзода Раҳматулло.
 

- Ин буд, ки давоми фаъолиятҳои роҳбарӣ дар муносибат бо мардум, ба хусус, зимни муроҷиати корафтодагон ҳамеша ин панди бузургро  пеши назар меовардем:

Дастат гирад касе, ки гирӣ дасташ,
Музди ҳама кас дасти ба даст аст ин ҷо.

Яъне, агар ҳар эҳтирому маҳбубияте, ки миёни мардум дошта бошем, натиҷаи ҳамон гуфтору рафторамон дар солҳои фаъолиятҳои роҳбариамон мебошад.
 

Ӯ давоми солҳои 1995 - 2006 роҳбарии хоҷагиҳои кишоварзии ба номи “Айниддин Қурбонов”, “Тоҷикистон” ва “Машъал”-и ноҳияи Вахшро бар зимма дошт, ҳамчун роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар маҳалҳо таблиғу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст. Ба дарназардоршти натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ва дигар самтҳои фаъолияти роҳбарӣ соли 2006 Сафарзода Раҳматулло  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Қумсангир  имрӯза Ҷайҳун таъин гардид.
 

Ба гуфтаи ӯ дар он солҳо фаъолия-ти кумитаҳои иҷроияи ҳизбиро муовинони раиси ноҳия пеш мебурданд ва новобаста ба масъулиятҳои зиёди аъзои ин ҳизб, ки дар ҷодаҳои гуногун фаъолият доштанд, боз ҳам ин неруи сиёсӣ дар тамоми маҳаллаҳои дурдасти ноҳия густариш ёфта буду аъзои он дар баробари ҷоннок гардонидани самтҳои гуногуни фаъолият, ҳамзамон дар корҳои ободониву ҳашарҳои дастаҷамъонаи созандагӣ саҳми пешоҳангӣ доштанд.
 

Воқеан хизматчиёни давлатие, ки ҳамчун намояндаи як неруи сиёсӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият дорад, дар баробари уҳдадориҳои мансабӣ ҳамзамон, масъулияти баланди ҳизбиро эҳсос менамояд. Чаро ки раиси шаҳр ё ноҳия ҳамчун намояндаи ҳизби ҳоким ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дорад ва бо дастоварду натиҷаҳои ноилгардидааш муаррифгару номбардори ҳизб миёни мардум хоҳад буд. Мабодо камбудиву иштибоҳи дар фаъолияти роҳбарии ӯ, пеш аз ҳама, ба эътибори ҳизби сиёсӣ таъсири манфӣ мегузорад, - андешамандона изҳор дошт Сафарзода Раҳматулло.
 

- Ҳатто дар тули солҳои 2008-2014 ба ҳайси сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон фаъолият доштанам, ба тақвият бахшидани ташкилоти ибтидоии кормандони соҳа ҳамзамон фориғ аз масъулиятҳои касбӣ ба омӯзиши барномаву ҳадафҳои пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машғул мешудам. Зеро сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ сарчашма гирифта, иҷроиши сифатии барномаву амалисозии ташаббусҳои ҳизбиён яке аз омилҳои асосии рушду муаррифӣ ва нуфузу маҳбубияти ин неруи сиёсӣ миёни мардум мебошад.
 

Тули солҳои 2014-2015 ӯ дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон фаъолият бинмуда, аз феврали соли 2015 ба вазифаи раиси ноҳияи Хуросон таъин мегардад ва то соли 2021 замони расидан ба синни нафақа роҳбарии яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Солҳои фаъолияти роҳбарии ӯ дар ноҳияи Хуросон, ки ташаббусҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза пайдо карда буд, аз маркази маъмурӣ то дар дурдасттарин деҳоти ноҳия бунёдгузории иншооти гуногуни хизматрасонӣ ҷараён дошт.
 

Азнавсозии бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, сохтмони Қасри фарҳангии ноҳия, меҳмонхонаву майдончаҳои варзишӣ, сохтмону азнавсозии майдони марказии ноҳия, бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ ва дигар лоиҳаҳои сохтмону азнавсозӣ, аз зумраи ташаббусҳои наҷибе буданд, ки бо иқдому роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ мегардид. Қобили зикр аст, ки дар раванди корҳои ободониву бунёдгузории иншооти гуногуни хизматрасонӣ аъзо ва фаъолони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии он дар маҳаллаҳо нақши пешсафӣ доштанд.
 

Ҳамин сон, баъди расидан ба синни нафақа Сафарзода Раҳматулло раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон интихоб гардида, то имрӯз дар ин ҷода фаъолият дорад. Дар  воқеъ, фаъолияти пурсамари ин марди садоқатпеша, ки зиёда аз чиҳил сол боз дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ ифои вазифа дорад, мактаби омӯзиши таҷриба барои насли ҷавони кишвар ба вижа, аъзои ҲХДТ мебошад, то ба мисоли ӯ ва ҳамсафони собиқадораш дар рушду пешрафти ҷомеа ва меҳани азизи худ хизмати шоиста анҷом диҳанд. Бо дарки ин нукта фарзандони номбардори Ватан дар баробари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, фурсат пайдо мекунанд, ки дар тарбияи маънавии насли ҷавон дар руҳияи арзишҳои милливу давлатдорӣ саҳме гузошта бошанд.
 
Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”