ТАШАББУСКОР БОШЕМ!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

18 март дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар «Соати сиёсӣ» доир гардид, ки дар кори он Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони бахши дин ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Ҳадаф аз ташкил ва сурат гирифтани чунин як вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодони донишгоҳ, пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, маҳкум кардани фарҳанги бегона, риояи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён арзёбӣ гардид.

Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон зимни баромади хеш қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановати тоҷик, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи давлат ва тарбияи дурусти ҷавонон дар роҳи бун-ёдкорию созандагӣ изҳори назар карданд.
 

Воқеан ҳам Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари бис-ёр ҳам рушдкарда табдил ёфт. Рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба маротиб таъмин гардид, ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баровардани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар қабул гардиданд, ки имрӯз ҳадафмандона амалӣ шуда истодаанд.

Ба даст овардани Истиқ-лоли давлатӣ кори саҳлу осон набуд, дар саргаҳи ин ҳама ташаббусҳои созандаву арзанда ва расидан ба рӯзҳои хушбахтӣ Пешвои мардумию самимии мо  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Роҳбари давлат ҳамасола зимни ироаи Паём ҳамеша таъкид мекунанд, ки дар шароити бисёр ҳам мураккаби ҷаҳонишавӣ фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба он равона карда мешавад, ки ба ҳар як шаҳрванди кишвар зиндагии созандаву арзанда таъмин карда шавад.
 

Имрӯз Роҳбари давлат соҳаи маорифро дар мадди аввал гузошта, барои донишманд шудани хонандагону наврасон ва донишҷӯён ҳамасола муассисаҳои наву замонавӣ ва муҷҷаҳаз бо тамоми шароити таълимиро дар шаҳру навоҳии мамлакат ба истифода медиҳанд. Имрӯз мову шуморо зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти илмомӯзию забондонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ қадамҳои устувор гузорем. Пеш аз ҳама ташаббускор бошем, таъкид дошт Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон.
 

Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси  Кумитаи   иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷи-кистон дар вилояти Хатлон низ суханронӣ карда, изҳор дошт, ки вазъи ҷаҳони имрӯза бисёр мураккаб буда, дар бархе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷангу нооромиҳо ба миён омадааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пойдории сулҳу субот, истиқлолияти комил ва ваҳдату ягонагӣ аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ дода нашаванд.
 

Ҷавонон бояд донанд, ки ҳадафи асосии фаъолияти гурӯҳҳои иртиҷоӣ аз байн бурдани давлату миллат мебошад. Имрӯз баъзе аз нотавонбинон берун аз кишвар истода, рушди бесобиқаи мамлакати азизамон-Тоҷикистонро нодида гирифта, санги маломат мезананд. Имрӯз кишвари мо ба як давлати тараққикардаи ҷаҳон табдил ёфтааст, ки шароити таълиму тадрис ва фаъолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ баръало эҳсос мешавад.
 

Мутаассифона,   бархе    аз ҷавонони мо аз рӯйи ноогоҳӣ ҷиҳод гуфтанду барои ҷан-гидану хуни як мусалмони дигарро ноҳақ резондан, ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафтанд. Ҷиҳод ҷанг кардану хуни касеро резондан нест, инро дини мубини ислом маҳкум мекунад. Ҷиҳод амали хайру савоб, гӯшаеро обод кардану дасти падару модарро гирифтан аст.
 

Инчунин, Саидзода Ҷам-шед Ҳамро қайд кард, ки имрӯз ҷавонони моро мебояд шомили гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд ва ҳамеша пайи таълиму тадрис, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ихтироъкорӣ, пайвастан  ба сафи Артиши миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, обод кардани як гӯшаи диёр, ҳурмату эҳтироми волидайн ва ҳифзи манфиатҳои давлат бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ намояндагони бахши дин ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят доир ба мавзуъҳои пешниҳодгардида маърӯзаҳо намуданд.

«Ҳамрози халқ»