МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ХОНУМ ЛИ ОК РЁН, РАИСИ ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ВА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рёнро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст, меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта,  иброз  дошт,   ки   муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷи-кистону Ҷумҳурии Корея сол то сол рушд ёфта истодааст ва ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.

Раиси вилоят зимни суханронӣ доир ба вилояти Хатлон, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва дорои захираю имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф мебошад, маълумот дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тарғиботи ҳамкории дуҷониба, таъсиси Маркази омӯзишии технологияи нав, табодули  таҷриба  дар самти кишоварзӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардид.
 

Дар мулоқот зикр шуд, ки вилояти Хатлон яке аз калонтарин вилоят дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 52 фисади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар ҳудуди вилоят то 300 ҳазор тонна пахта ва 2,5 миллион тонна меваю сабзавот истеҳсол карда мешавад.
 

Ҳамчунин дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва кушодани Маркази забони кореягӣ бо дасгирии сафорати Корея дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав машварат намуданд.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Ли Ок Рён иброз дошт, ки мақсади сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти ҳамкории фарҳангӣ бо ин кишвари зебои Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид хонум Ли Ок Рёнро барои иштирок дар Форуми “Бохтар Фуд”, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон