ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚУ ВАТАН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз раванди сулҳу Ваҳдати милливу бунёдгузории давлати тозаистиқлол то ҳама дастоварду муваффақиятҳои кишварамон дар масири миллату давлатсозӣ аз он сарчашма мегирад, дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шудааст.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсоз, вакилони мардумӣ бо интихоби Сарвари ҷавони кишвар, ки Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва миллатро аз вартаи нестӣ наҷот бахшид, ба бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи ниҳоят муҳим гузоштанд. Биноан, вакилони ин Иҷлосияи таърихӣ ба унвони нахустин ҳамсафону ҳампаймонҳои бунёдгузори Тоҷикис-тони соҳибистиқлол эътироф гардидаанд. Имсол, ки дар кишварамон  30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, месазад аз хизматҳои шоёни пайравони Раиси муаззами ҲХДТ ёдовар гардид, ки дар масири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушду нумуи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
 

Эшбурӣ Эсанқулов вакили Иҷ-лосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аз замони ба фаъолият пардохтани ҳокимияти қонунӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият бинмудааст, аз шахсиятҳои маъруфи вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки дар сафи нахустин аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият бинмуда, бо саҳми арзанда дар рушду муаррифии ҳизби пешбарандаи ҷомеа, миёни мардуми оддӣ ва ҳам доираҳои сиёсӣ ва зиёиёни кишвар маъруф аст.
 

Самараи фаъолияти назаррасаш дар соҳаи хизмати давлатӣ ва бовариву маҳбубияти мардум нисбат ба ӯ буд, ки тайи солҳои 1990-1995 ва 2010-2015  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давраҳои 2000-2005 ва аз соли  2005 то соли 2010 ба ҳайси узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бинмудааст.
 

Эшбурӣ Эсанқулов соли 1951 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар хонадони раиси номдор, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Турахон Эсанқулов чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифта, баъдан факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Новобаста ба он ки фарзанди раиси хоҷагии машҳури пахтакорӣ буд, метавонист барои идомаи таҳсил дар беҳтарин муассисаҳои таълимии дохилу хориҷ аз ҷумҳурӣ фаро гирифта шавад, аммо аз овони ҷавонӣ баробари ҳамсолони худ дар саҳрои хоҷагӣ кор мекард.  Зеро шарти волидон буд, ки фарзандони онҳо ҳам мисли падарону бобоёни худ бо заҳмати обилаи даст ва неруву зарфиятҳои зеҳнии худ дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд. Ин буд, ки Эшбурӣ нахуст хизмати ҳарбиро анҷом дода, пас аз он, соли 1974 фаъолияти меҳнатии худро аз вазифаҳои инструктори комсомол оғоз намуд. Баъдан, ба симмати нозири Кумитаи назорати халқӣ ва дигар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст.
 

Аз соли 1986 давоми 13 сол роҳбарии собиқ хоҷагии коллективии “Қизил Октябр»-и ноҳияи зодгоҳамро ба уҳда доштам. Даврони фаъолияти сиёсиам ҳамчун вакили мардумӣ дар Шурои Олӣ ҳам ба ҳамин давра рост меояд ва дар соли таъсисёбии ҲХДТ дар қатори нахустин пайравони Сарвари ҷавони кишвар ба узвияти ин ҳизби навтаъсис шомил гардида будем,- ба ёд меорад он рӯзҳоро Эшбурӣ Эсанқулов.
 

- Сипас, солҳои 1999 - 2007 дар вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритус ва солҳои   2007-2009    ба  симмати  раиси ноҳияи Дӯстӣ, дар баробари масъулиятҳои роҳбарӣ ҳамзамон, бо ҳамҳизбонамон аз ҷумла, роҳбарият ва кормандону фаъолони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ин ноҳияҳо ҳамкориҳои судманд доштем. Албатта, ҳамчун раиси ноҳия бо намояндагони дигар аҳзоби сиёсие, ки дар ин ноҳияҳо фаъолият доштанд, муносибати баробар доштем, аммо фориғ аз масъулиятҳои роҳбарӣ ҷиҳати рушду тақвият бахшидани самтҳои фаъолияти ҳизби пешбарандаи ҷомеа, ки намояндаи он ба ҳисоб мерафтем, ба ҳамтоёни ҳизбиамон маслиҳату тавсияҳои худро пешниҳод мекардам.
 

Собиқаи омӯзандаву таҷрибаи пешқадами Эшбурӣ Эсанқуловро дар арсаи сиёсат ва зинаҳои роҳбарӣ ба инобат гирифта, бо пешниҳоди Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон номзадии ӯ ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешбарӣ гардид. Ҳамин тавр, соли 2009 дар Анҷумани ҳизбӣ ӯ ба мансаби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардид. Узви фаъоли ҳизб Неъматулло Иброҳимзода, ки дар он солҳо ба ҳайси роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ фаъолият дошт, иброз медорад, ки новобаста ба давраи начандон зиёди роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Эшбурӣ Эсанқулов муяссар гардид, ки дар рушду пешрафти ин неруи сиёсӣ, омодагии ҳампешагон ба маъракаи муҳими интихоботӣ саҳми муносиб гузорад.  Маърифати баланди роҳбарӣ ва донишу эътибораш миёни мардум аз зарфиятҳои муҳими ӯ дар арсаи сиёсат арзёбӣ мегардад, ки дар кадом зинаи роҳбарие фаъолият карда бошад,  аз худ номи нек боқӣ гузоштаву шогирдони хуберо ҳам тарбия намудааст.
 

Дар давраи роҳбарии ӯ, ки дар кишварамон мавзуи татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар  ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва захиракунии маводи ғизоӣ барои ду соли минбаъд матраҳ мегардид, дар  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон конфронсу мизҳои мудаввар бо иштироки неруҳои зеҳнӣ, масъулони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, олимону пажуҳишгарон ва доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ омилҳои расидан ба ҳадафҳои пешгирифта баррасӣ гардида, ҷиҳати амалӣ намудани он дар маҳалҳо ба хоҷагидорону деҳқонон ва сокинони вилоят маслиҳату пешниҳодҳои судманд дода мешуд.
 

Эшбурӣ Эсанқулов аз зумраи собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ маҳсуб меёбад, ки шуруъ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пайрави содиқи Сарвари давлат дар арсаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намуда, ҳамчун узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа соҳибэҳтиром аст. Барои хизматҳои шоён давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ бо медали «Хизмати шоис-таи Тоҷикистон», ордени «Дӯстӣ» ва дигар медалу ифтихорномаҳои давлатӣ сарфароз гардидааст.
 

Бо шукргузорӣ аз Истиқлоли мамлакат ва фазои сулҳу осудагии кишвари азизамон, ифтихор аз он дорад, ки бо амри сарнавишт ҳамчун вакили мардумӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, дар муҳимтарин иқдомҳои таърихиву тақдирсози ҳамватанони хеш саҳм гузоштааст.
 

Мо шоҳидони он рӯзҳои сахту сангин ва нахустин ҳамсафони Пешвои муаззами миллат хизмати шоиста ба халқи Тоҷикистонро рисолати ҳаётии худ интихоб кардаем ва азм дорем, ки то нафаси охирин саҳме дар рушду ободии Ватани азизамон гузошта бошем. Бинобар ин, дар даврони бознишастагӣ ҳам саъю кӯшиш мекунем, ки бо суҳбатҳои созанда миёни мардум ва роҳнамоии насли ҷавон ба корҳои хайру хизмат ба халқу меҳани худ, дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва устувориву ҷовидонии давлати соҳибистиқлоламон ҳиссае гузошта бошем, -мегӯяд ходими давлатӣ Эшбурӣ Эсанқулов.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”