ДАР ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ ва тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо дар шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Дар тозагии муҳити зист саҳмгузор бошем!” доир гардид.
 

Лозим ба ёдоварист, ки имрӯзҳо бархе аз сокинону меҳмонони шаҳри Бохтар қоидаҳои фарҳанги шаҳрнишиниро риоя накарда, ба ҷойи тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар кӯчаву хиёбонҳо зарфҳои пластикиро мепартоянд, ки қобили қабул нест. Солимии ҷомеа аз тозагӣ вобастагии зиёд дорад.
 

Дар вилояти Хатлон даҳҳо мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ мавҷуд аст, ки ҳар яки онҳо бозгӯи таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ҳастанд. Ҳамасола ҳазорҳо сайёҳи дохилию хориҷӣ барои тамошои он мавзеъҳо меоянд, ки нахуст аз шаҳри Бохтар-маркази маъмурии вилояти Хатлон дидан мекунанд.
 

Шаҳрвандонро мебояд, ки ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист масъулияти баланди шаҳрнишиниро риоя карда, дар тозагии шаҳр саҳмгузор бошанд.
 

Бояд қайд кард, ки дар аксияи “Дар тозагии муҳити зист саҳмгузор бошем!” беш аз 30 волонтёр ва кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иштирок карда, зиёда аз 200 варақаи иттилоотӣ ба ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва шаҳрвандони касбу кори гуногун  даст-рас карданд.
 

Зимни расонидани варақаҳои иттилоотӣ бархе аз сокинону ронандаҳо аз камбуди қуттиҳои партов изҳори нигаронӣ карда, қайд доштанд, ки бо насб кардани шумораи зиёди онҳо мушкили тозагии шаҳр то рафт беҳтару хубтар мегардад.

“Ҳамрози халқ”