БАХТУ БАҚОИ ДУНЁСТ, ДАСТИ ДУОИ МОДАР

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳамасола дар мамлакатамон Рӯзи модар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба хотири бузургдошти модар ва эҳтиром гузоштан ба ӯ бо ибтикори  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбӣ зери унвони “Бахту бақои дунёст, дасти дуои модар” дар шаҳри Бохтар гузаронида шуд.
 

Бояд гуфт, ки чунин ташаббусҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
 

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман аҳли башар ба ин шахсияти бемислу беҳамто арҷ мегузоранд, бузургии модарро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Дар аксияи ҳизбии “Бахту бақои дунёст, дасти дуои модар” волонтёрон ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолона ширкат карда, беш 200 варақаи табрикотӣ ва гулҳои баҳориро  ба модарону бонувон тақдим карданд.
 

Зане, ки худро Нигора муаррифӣ кард, аз иқдоми пешгирифтаи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ карда, аз ҷумла қайд кард, ки: Мо модарон арзандаи чунин қадрдониҳо ҳастем. Модар воқеан фаришта аст, фариштаи инсонҳо. Барои ба камол расондани фарзанд, тамоми неруи худро сарф мекунад. Шабҳои дарозро аллагӯён саҳар мекунад. Имрӯз ҳар як фарзандро мебояд ба қадри модарон бирасанд. Дуои неки модаронро бигиранд. Инсон бо дуои волидайн месабзад.
 

Бояд зикр кард, ки таҷлили Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор ва омад-омади Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун рамзи сарсабзӣ, ободию осоиштагӣ ва муҳаббат ба зиндагӣ рост омада, аз бузургии занону модарон башорат медиҳад. Модар фариштаи рӯйи замин, офарандаи ҳаёт ва сарчашмаи зиндагист.
 

Ҳамасола бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи модар аксияву мизи мудаввар ва чорабиниҳои идона ташкил ва гузаронида мешавад.

"Ҳамрози халқ"