МЕРОСБАРИ ОЙИНИ НИЁГОНИ ХЕШ БОШЕМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар радифи бархурди фарҳангу тамаддунҳо равандҳои хатарзое монанди  фитнаву мунозираҳои диниву мазҳабӣ, густаришу доман паҳн кардани терроризму экстремизми динӣ ва дигар падидаҳои номатлуб ҳамчун воситаи ноором намудани вазъи сиёсӣ дар ин ё он кишварҳои ҷаҳон гардида истодааст, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин айни муддао арзёбӣ мегардад.

(Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону  намояндагони ҷомеа ва ходимони дин).

Баргузории чунин як суҳбати омӯзанда ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб дар кишварамон ва баррасӣ намудани масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла тарбияи насли ояндаи кишвар, баланд бардоштани маънавиёту маърифати сокинон, ҳамзамон ҳаллу фасли мушкилу камбудиҳои мавҷуда аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.
 

Тавре, ки зимни суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин вохӯрӣ зикр гардид, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи  иҷтимоии давлат ва дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи  мардумамон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҳазорон нафар  соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу  номуси  ҷомеа  иқдомҳои  савобу созандаро анҷом дода, ҳазорон  мактабу  кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву  иҷтимоӣ  бунёд  карданд, ки дар ин замина барои садҳо ҳазор ҳамватанони мо ҷойи кор фароҳам оварда шуд. Илова бар ин, ҳамасола  чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расонида шуда, инчунин, анҷоми корҳои хайру савоб идома дорад.
 

Воқеан ҳам дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон доир гардидани мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин рамзист. Зеро Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, тозакориҳо андар муҳити зисти хеш ва  ҳам поксозии зоҳиру ботини инсон арзёбӣ мегардад  ва  итминони  комил  дорем,  ки мардуми тамаддунофари тоҷик  бо дарки  ин ҳикмату ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами  миллат  ҷиҳати  беҳбудии  ҳаёти осудаи хеш, ислоҳи камбудиҳо ва ҳаллу фасли мушкилиҳои ҳаётӣ бо неруи тоза ҷидду ҷаҳд хоҳанд дошт.  Чун дар  моҳи  рӯзадорӣ  пешгирӣ аз ҳама амалҳои ношоям ва тақвият бахшидани имону амалҳои хайру савоб, покии забону оромиши  қалб ва  имтиҳони  сабру таҳаммулпазирӣ  аҷру савоби дучанд дорад.
 

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар баробари баррасии масоили мубрами ҷомеа ва вазъи ҷаҳон дар пешорӯи равандҳои муосир бори дигар вобаста ба иҷрои бечунучарои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуда, аз иштирокчиёни мулоқот даъват ба  амал оварданд, ки ҷиҳати риояи қатъии қонунҳои мавҷуда миёни мардум чорабиниҳои маърифатнокиро тақвият бахшанд.
 

Зеро тибқи таҳлилҳо то кунун миёни мардум ҳолатҳои риоя накардани қонун ҷиҳати баргузории маъракаҳо мушоҳида гардида, зимни баргузории маъракаҳо аз ҷониби сокинон исрофкорӣ мушоҳида мегардад.  Сарвари  давлат бо таъкид аз фармудаҳо  дар китоби Қуръони маҷид изҳор  доштанд,  ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
 

Ҳамзамон зимни суханронии Пешвои муаззами миллат вобаста ба сафарҳои такрории шаҳрвандон ба ҳаҷ изҳори андеша намуда, бо ёдоварӣ аз аркони ҳаҷ ва амалҳои Паёмбари ислом (с)  хотирнишон доштанд, ки ба ҷойи  маротибаи дуюму сеюм ба ҳаҷ рафтан мусулмонон метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону  наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, соҳиби аҷру савоби бештар гарданд.
Дар воқеъ, ҳар яки мо бояд шукронаи онро кунем, ки аз файзу баракати соҳибистиқлолӣ  дар ҳама  самтҳои  давлатдорӣ ва ҳам пешрафти соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон шароиту имкониятҳои беназир фароҳам гардида, дар фазои сулҳу осоиштагӣ имрӯз ҳамватанонамон фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Дар баробари дигар неъматҳои даврони  соҳибистиқлолии кишварамон мардуми Тоҷикистон расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё намуда, ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд.

 

Маврид ба ёдоварист, ки бо иқдомҳои хирадмандонаи Сарвари давлат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ як зумра чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва бузургдошти шахсиятҳои  бонуфузи илмӣ ва динӣ - Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади  Хуҷандӣ,  Абурайҳони  Берунӣ,  Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил карда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра бо иқдоми Роҳбари давлат китоби Қуръони маҷид се маротиба нашр гардид ва тафсиру тарҷумаи дигар асарҳои оламшумули нобиғаҳои миллати тоҷик нашр карда шуда, дастраси  мардум гардонида шуд.
 

Чуноне  ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронии хеш дар мулоқот бо  ходимони дину донишмандон  ва аҳли ҷомеаи кишвар иброз доштанд, бо мақсади пок нигоҳ доштани асолати динии мардум чунин ташаббусҳо, аз қабили чопи тоҷикии матни  Қуръони карим минбаъд низ идома  хоҳад ёфт, то ин китоби муқаддас дар ҳар як хонадони кишвар мавҷуд бошад.
 

Зикр гардид, ки имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон  зиёда аз  4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо арзи вуҷуд дошта, ба ҳисоби миёна ба ҳар 2000 сокини кишварамон як масҷид рост меояд, ки ин дар қиёс ба дигар  кишварҳои  ҳамсоя ва олам чандин баробар зиёд аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар соли  2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг  пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе, ҳамасола дар феҳристи 500 нафар мусулмонони ҷаҳон дарҷ гардидани исми шарифи Роҳбари давлати мо ва дигар маҳбубияту эътирофи ҷаҳониён нисбат ба мавқеи Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ,  ғанӣ гардонидани он ва умуман фарҳангу маорифи исломӣ арзёбӣ мегардад.
 

Бешакку тардид маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии кишвар  имкон  фароҳам оварда шудааст, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф фаъолиятҳои динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд.
 

Ҷавобан ба тадбирҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар мо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд, ки бо донишу маърифати воло, хислатҳои шоистаи сабру таҳаммулгароиву гуфтору рафтори нек ва дигар хислатҳои писандидаву ташаббусҳои ояндасози хеш  саҳми муҳиме дар ҳифзи исломи ноб ва рушди фарҳангу маорифи исломӣ гузошта бошем. Зеро танҳо бо омӯзишҳои пайваставу донишу кашфиётҳои ояндасоз ва пешрафту дастовардҳои фарҳангиву технологияи  муосир мо дар рушду таҳкими ҷомеа ва давлат ва беҳбудиву ояндасозиҳо ба хотири башарият метавонем ҳамчун пайравони асили ойини аҷдодиамон, яъне мазҳаби ҳанафӣ, дар ҳифзи фазои маънавиёти ҷомеа аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муассир дошта бошем.
  

   Бинобар ин, бо баҳрамандӣ аз ҳидояту роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикис-тон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон,  ки зимни мулоқот бо ходимони дин, олимону донишмандон ва аҳли ҷомеаи кишвар масоили мубрами ҷомеаро баррасӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилиҳои мавҷуда дар ин самт тавсияҳои судманд ироа намуданд, бояд ҳар фарди худогоҳ шуруъ аз сатҳи оила, ҷомеа ва мактабу муассисаҳои оливу касбӣ тадбирҳои судманде ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва ҳимояи  арзишҳои муқаддаси диниву фарҳанги миллии хеш андешида бошад. Зеро тақозои замон ва рисолати ҳаётии ҷомеаи худогоҳу ватанпарвари мо аст, ки дар радифи тақвият бахшидани сиёсати давлатӣ, ҳамзамон бо кору пайкори созанда дар арсаи олам ҳамчун насли меросбари илму фарҳанги волои ниёгонамон муаррифӣ гардем.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро,
раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар вилояти Хатлон