ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

11 март, ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки беш аз 150 нафар собиқадори матбуот ва журналистони фаъоли вилояти Хатлон баргузор гардид.

Нахуст, муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо ҳамроҳонаш аз намоиши матбуоти даврии вилоят дидан карда, бо сармуҳаррирони ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳои маҳаллӣ доир ба вазъу ҳолати нашрия, таъминоти техникӣ ва кадрӣ, шароити кории онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кард.
 

Сипас, дар толори Маркази иттилоотии Кохи фарҳанг мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуот доир гардид.
 

Муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҷамъомади имрӯза ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат, рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати пуршараф ва таъсирбахши намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар симои ҳар як журналист ҳамкору ҳамандеш, ёвари беғараз, ҳомии арзишҳои миллӣ ва такягоҳи боэътимоди давлатро мебинад.

- Мехостам ба ҳар яки Шумо барои ҳамкории хубу пурсамар бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят самимона миннатдорӣ баён намоям. Заҳмати тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаи сатҳи маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиеро, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ ба халқу миллат хизмат намуданд, мо қадр мекунем ва барои рушди ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ андешида мешавад.
 

Мужда расонида шуд, ки соли ҷорӣ Шурои машваратии рушди ВАО-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъсис ёфт ва Шурои мазкур дар баробари нафарони масъули мақомоти давлатӣ, инчунин намояндагони ҷомеаи журналистӣ ва коршиносони соҳаро муттаҳид намуда, дар ҷаласаҳои Шуро масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор мегиранд.
 

Муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат инчунин қайд намуд, ки дар чунин вазъи ҳассоси ҷаҳон рӯзноманигоронро мебояд, ки барои дифоъ аз манфиатҳои миллию давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, ташаккули афкори созандаи омма ва пешгирӣ аз халалдоршавии фазои иттилоотии Тоҷикистони азиз иттиҳоди неру нишон дода, ба ҳама гуна маводҳои ғаразолуд вокуниши саривақтӣ ва посухи сазовору бодалелҳои асоснок диҳанд.
 

- Дар чунин шароит ҳайатҳои эҷодии нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ бар сари беҳтар кардани муҳтавои матлабҳояшон фикр кунанд, - масъалагузорӣ намуд муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат.
 

Ҳамасола Ҷоизаи вилоятии ба номи Шамсиддини Шоҳин ва Соҳиб Табаров миёни адибони вилоят натиҷагирӣ карда мешавад.
Ин навбат маъҷмӯаи шеър-ҳои «Навои меҳр»-и шоира Офоқи Қодириён ғолиби озмуни вилоятии Ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин (дар соҳаи назм) гардид. Тибқи қарори Кумитаи тадорукоти озмунҳои вилоятӣ аз 29 феврали соли 2024, ба ғолиби Ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин Шаҳодатнома ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

 

Инчунин, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №50 бо мақсади пуштибонӣ аз фарҳанги ҳазорсола, баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ, бадеӣ, тарғиби адабиёти пурғановати миллӣ, ҳавасмандсозии адибон ва муҳаққиқони соҳаи адабиёт Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шудааст.
 

Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидон) пешбинӣ гардида, ба ғолиби ин ҷоиза Шаҳодатнома ва 5000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Тибқи қарори Кумитаи тадорукоти озмун, китоби номзади илмҳои филологӣ Раҳмонов Маҳмурод бо номи «Аз машқи қалам то нақди сухан» сазовори Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар соли 2023 гардид.
 

Дар охир  тақдими Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон “Неруи сухан” дар соли 2023 барои беҳтарин маводи журналистӣ барпо гардид. Қайд гардид, ки ба кумитаи тадорукоти озмун имсол беш аз 300 маводи журналистӣ пешниҳод шудааст.
Ҳамин тавр, аз рӯйи номинат-сияҳои дар озмун гузошта шуда ғолибон муайян карда шуда, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон