БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ МИЁНИ СОКИНОН

Муъминобод:  

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 – и Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳия бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидони онҳо вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оила дар ноҳияи Муъминобод Мирова Шамсия, муовини раиси Ҷамоади деҳоти Боғгаӣ иштирок намуа, вобаста ба масъалаҳои рӯзмара ва риояи қонунҳои “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки волидон муаваззафанд, то фарзандони хешро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва таълиму тарбияи комил ба воя расонида, кӯшиш намоянд, ки онҳоро пеш аз хонадор кардан соҳибилму соҳибҳунар гардонанд.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистон пошхӯрии оилаҳои ҷавон зиёд ба чаш мерасад, ки аксари онҳо аз бесаводӣ, беҳунарӣ ва таёр набудан ба оиладорӣ сар мезананд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарзандони худро бештар назорат карда, муҳимияти зиндагӣ ва оиладориро ба онҳо омӯзонем.

Ҳамчунин, дар ҷамъомади мазкур аз ҷониби иштирокчиён масъалаҳои либоспӯшӣ миёни ҷавонон, аз худ кардани илмҳои замони муосир ва тарбияи ватандӯстии ин қишри муҳими ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.