ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНОНӢ ВА ҶАВОНОН!

Кӯлоб:  


Нимаи дуюми рӯзи 23-юми май зери ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аксияи ҳизбӣ доир гардид.

 Зимни аксияи мазкур дар кӯчаи марказии шаҳр ба зиёда аз 500 нафар варақаҳои табрикотию иттилоотӣ тақдим гардид, ки дар он чунин омадааст:-
"Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро низ ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  низ аз рӯзҳои аввали таъсисиёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии барномаҳои ҳизбро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи тавоно, созанда ва ташаббусҳои ҷавоноро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати амали шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб тамоми ҷавонони сарбаланду саодатманди кишварро ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона шодбош намуда ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азиз осмони софу беғубор ва дар арсаи давлатдори комёбиҳои назаррасро орзу менамоем."