МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ВНМО”-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ҳисобот  

Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “ВНМО”-и шаҳри Левакант бо иштироки Қурбонова Судоба-мутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО”-и шаҳри Левакант Шарипов Қурбоналӣ маҷлиси умумии ҳисоботӣ нуҳмоҳа доир гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ нуҳмоҳа масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

- ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи январи соли 2023 то моҳи Сентябри соли 2023 ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилоти ибтидоӣ;

- ба роҳбари гирифтани қарори маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 ва маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз моҳи июни соли 2023;

- омодагии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО”-и шаҳри Левакант ба маъракаи сиёсии “Обуна-2024” ба нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ”

- қабул ба сафи ҲХДТ;

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолият шунида шуд. Қайд гардид, ки саҳми аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии “ВНМО” дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” назаррас аст ва дар оянда роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кӯшиш менамояд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам баланд бардорад.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Қурбонова Судоба-мутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант зикр намуд, ки рӯзи 25 майи соли ҷорӣ қарори маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ ва рӯзи 15 июни соли 2023 қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ба тасвиб расид. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар назар дошта шудааст.

Бо назардошти таклифу пешниҳодҳо нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқ карда шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис қайд гардид, ки дар асоси талаботи Оинномаи ҲХДТ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар як сол як маротиба дар маҷлиси умумӣ ҳисобот ироа менамояд ва аз нав интихоб ё иваз мегардад.

Оид ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис Шарипов Қурбоналӣ-раиси ташкилоти ибтидоии “ВНМО” зикр дошт, ки мо моҳияти маъракаи сиёсии обуна ба нашрияи марказии ҳизбро дарк намуда, дар рӯзҳои аввал аз иҷрои нақша пура баромадем.

Дар фаромади маҷлис Қурбонова Судоба-мутахассиси шуъбаи ташкили кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳим ибрози назар намуда, аз аъзои ҳизб даъват ба амал овард, ки дар ҷомеа намунаи ибрат буда, дар сафи пеши корҳои ободониву бунёдкорӣ қарор дошта бошанд.