ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ.

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  

Санаи 29-уми сентябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ҷамоати деҳоти Яккатут деҳаи Пушкин ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин замина баромадкунандагон бо баромадҳои мукаммал ва дақиқ вобаста ба: вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар моҳҳои охир, хизмати ҳарбӣ мактаби ҷасорату мардонагӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатархои ҷомеа, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баромад намуданд.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст. Баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ № 28 дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия менамояд. Дар соатҳои сиёсӣ роҳбари муассиса, омӯзгорон ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд. дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

Суратгузориш аз рафти “Соати сиёсӣ”.