ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Ҳисобот  

Санаи 13 сентябри соли 2023 ҷаласаи корӣ вобаста ба тақвияти фаъолият дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, дар самтҳои гуногун баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа раиси Кумитаи иҷрояияи ҲХДТ Ҳакимзода Миҷгона баромад намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳуҷҷатнигорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таъсисӣ ташкилотҳои нави ибтидоии ҳизбӣ, зиёд намудани аъзоён, босифат гузаронидани амалиётҳои муштараки ҳизбӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру маслиҳатҳои корӣ доданд.

Инчунин зимни ҷаласаи корӣ қайд карда шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд ва сари вақт ба иҷро расонидани дастуру супоришҳо ва масъалаҳо вобаста ба кору фаъолияти ҳизб, ҳар як масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бояд дорои масъулияти баланд ва фаъолияти ҳамаҷониба дошта бошанд ва дар ин замина дарки масъулияти баланди фаъолияти худро дуруст ба роҳ монанд.

Дар охир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар алоҳидагӣ баромад намуда, барои боз ҳам мустаҳкам намудани фаъолияти корӣ фикру ақидаҳои худро пешниҳод намуданд.