МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАХТАДАШТ”

Вахш: Ҳисобот  

Дар асоси иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023, ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтадашт” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Раҳматуллозода Д, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтадашт”  ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Маҷлис аз руйи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Пас аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д., суханронӣ намуда, кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги дар пеш истода роҳнамоӣ намуд.