Вохӯрии судманди вакилон бо интихобкунандагон

Н.Хусрав: Ҳисобот  

      Имрӯз яъне 04.09.2023  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар дар Қасри фарҳанги ноҳияи Носири Хусрав бо вакилон, интихобкунандагон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон, раисони ҷамоатхои деҳот ва маҳалҳо вохурӣ ва мулоқот гузаронида шуд.   

         Зимни вохӯрӣ ва мулоқот бо вакили Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои пешгирии хурофотпарастӣ дар миёни ҷомеа, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ ва тақлид накардан ба либоспӯшии ба мо бегона, ҳифз ва гиромидошти забон, фарҳангу маданияти арзишҳои миллӣ, ба роҳ мондани робитаи зичи волидайн бо омӯзгорон дар раванди таълиму тарбия, истифодаи мақсадноки шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбарияти Олии Тоҷикистон дар ҳалли масоили обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, инчунин мусоидат дар рушди соҳаи саноати мамлакат ва дигар масъалаҳои марбут ба беҳсозии шароити зисти аҳолӣ сӯҳбатҳои самимиву судманд анҷом дода, аҳли толор ва дар симои онҳо кулли сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ҷашни бошукӯҳи миллат, 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфтанд.

            Иштирокдорони вохӯрӣ низ дар доираи муҳокимаву музокирарониҳо аз ташрифи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Носири Хусрав ва ташкили чунин як вохӯриву мулоқот изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сартосарӣ ва сарварии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тасмимоти хешро дар мавриди татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.