БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИНТЕРНАТСИОНАЛ”

Вахш: Ҳисобот  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, санаи 5- сентябри соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Интернатсионал”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони  ноҳияи Вахш, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллозода Д.Р. ва дигар масъулини ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлис аз  рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Интернатсионал” ба сухан баромада, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, сипас аз руйи масъалаи якуми дар рӯзномаи маҷлис буда, ҳисобот дод. Пас аз ҳисобот бо розигии аъзоёни ташкилоти мазкур раиси ташкилот аз нав интихоб карда шуд.

Баъдан Раҳматуллозода Д.Р.,  суханронӣ намуда, баромади раиси ташкилоти мазкурро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ташаббусҳои ҳизбӣ ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, иштирокчиён, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба корҳои созандагию бунёдкорӣ роҳнамоӣ намуданд.