МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ПАХТАКОР”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтакор” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш , раиси ТИ ва аъзоёни ташкилоти  ибтидоии мазкур иштирок  намуданд. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муайян намуданд. Аз ҷумла дар баромадашон гуфта шуд, ки дар тамоми ҳамин давра нақшаҳои моҳона иҷро гардидааст.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содоқати худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад. Инчунин масъалаҳои дигари маҷлис низ баррасӣ гардиданд.