МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ

Темурмалик: Ҳисобот  

30-юми августи соли равон дар ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Давад-Ҳалқаёр” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз руи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

  - Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

  - Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

  - Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

  - Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

           Аз руи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳизби Давлатов Ҳамро фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муаян намуданд. Аз ҷумла дар баромадашон гуфта шуд, ки дар тамоми ҳамин давра нақшаҳои моҳона бо барзиёди иҷро гардидааст.

          Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содиқияти худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад.

          Бо дасгирии кулли иштирокчиён Давлатов Ҳамро аз нав ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизбӣ интихоб гардид.

           Дар баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, Раҷабзода Маҳмадсаид, Ҳамзамон шунавандагонро хотиррасон намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳиси миллӣ-ватандустӣ, садоқат ба ватан, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти гуруҳҳои корӣ ҷоннок ва таъсирбахш карда шаванд.

           Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини Ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад.

           Имрӯзҳо сокинони ноҳияи Темурмалик суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин таъкид мекунанд: "Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии кишварамон куллан тағйир диҳем, ки аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани ду се ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем", шиори худ намуда самаранок меҳнат мекунанд.