МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САҲШ”

Қубодиён: Ҳисобот  

      Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “САҲШ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал татбиқ намудани қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25-уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “САҲШ” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Музаффаров Иззат баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳи комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъии миллат аст.

         Ҳамчунин, раиси тозаинтихоби ташкилот баромад намуда, зикр намуд, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош карда, зуҳуроти аслии таҳкими давлатдорӣ ва ривоҷи тараққиёти иқтисодии миллӣ заминаҳои мустаҳкаме гузоштааст. ҲХДТ ҳамчун мазҳари ягонаи сулҳофар баҳри таҳкими пояҳои давлатории миллӣ фаъолияти наҷиберо ба роҳ мондааст, ки зиндагии саодати мардумро вусъат медиҳад. Нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроз аст.