МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 25-уми августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳофизи Шерозӣ”-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси-ҳисоботӣ-интихоботӣ муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д., раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳофизи Шерозӣ” ва аъзоёни ташкилоти  ибтидоии мазкур иштирок  намуданд. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муайян намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” Раҳматуллозода Д., баромад намуда, ба саҳми ҳозирин расонид, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содоқати худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаҳои шаҳрвандии худро иҷро намоянд.