ТАЪМИРИ РОҲИ ПИЁДАГАРД

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз қабили: бунёди синфхонаҳои иловагӣ, таъмири муассисаҳо, таъмири роҳҳо, таъмири боғчаҳои томактабӣ ва дигар сохтмонҳо рафта истодааст.

      Вобаста ба ин, дар 3000 метр роҳи пиёдагарди деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён таъмир рафта истодааст. Аз рафти таъмири мазкур мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат  дидан намуда, ба сохтмончиён муваффақиятҳо таманно намуд.