СОМОНАИ ИСЛОҲ СОМОНАИ ИФРОТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ АСТ.

Бохтар: Вокуниш  

Ваҳдат, озодӣ, сулҳу истиқлолият яке аз неъматҳои беҳтарине мебошанд, ки халқу миллати тоҷик тӯли чандин солҳо бо талошҳои зиёд ба даст овардаанд, ки ҳоло мо онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳимоят мекунем.

Ҳарчанд душманони миллати тоҷик ба сулҳу дӯстии мо солҳои зиёд зарару осеб расонида бошанд ҳам, вале миллати бо нангу ори тоҷик руҳафтода нашуда, тавонистааст бо ҷони худ, ақлу хирад ва бо фарҳанги куҳанбунёдаш ваҳдату истиқлолияташро нигоҳ дорад.

Мардуми тоҷик аз азал дурӯғу буҳтонро маҳкум менамоянд ва ҳар кӣ тухми фитна кошта, дурӯғпароканӣ мекунад, хориҷ аз имону виҷдон медонанд.

Гоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳои пур аз ғаразу носазогуфтаҳои шахсони фурӯхташударо вохӯрда, мақоли халқии “дурӯғгӯӣ торикии имон аст” пеши назар меояд. Алалхусус, агар чунин буҳтону туҳматро онҳое паҳн созанд, ки худро ҳомии дину эътиқодманд вонамуд мекунанд, нафрати аҳли башарро нисбат ба худ меафзоянд. Касе, ки тафаккури ифротӣ дорад, воқеаҳоро фақат дар доираи танги ҷаҳонбиниаш ташреҳ медиҳад ва тасаввуроту тахайюли бемори хешро ҳақиқат мепиндорад. Барои чунин афроди беҳувият ҳақиқат ва воқеияти ҳол муҳим нест, балки ба ҳар васила бо бадномсозии афроди огоҳ, садоқатмандони Ватан, сиёсатмадорон, донишмандон, хизматнишондодагони миллат туҳматҳо зада онҳоро ғайбату буҳтон менамояд.

Дар сомонаи “Ислоҳ”, ки аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин идора шуда, бо муҳтавои ифротиву экстремистӣ ва зиддимиллиаш бадном шудааст, пайваста матолиберо дучор омадан мумкин аст, ки иддаои болоро собит месозад. Зеро фитнаву дурӯғ, кинаву адоват, ғайбат, сафсатагӯиҳои зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон маҳаки фаъолияти ин сомонаи бемаъниву муаллифи тундраву бадахлоқашро ташкил медиҳад.

Мардум хуб медонанд, ки Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳаммаслаконашон, ҳамчун ғулом амру дастури хоҷагони хориҷиашонро иҷро намуда, ватанфурӯш шудаву бо истифода аз овозаҳои беасос, туҳматҳои фаровон мекӯшад, ки “садоқаташон”-ро ба корфармо нишон диҳанд.

Хусусан Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар Тоҷикистон қаллобиҳои бисёреро анҷом додаву даҳҳо нафарро фиребида ва ҳамчунин бо ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом иртиботи ногусастанӣ дорад. Дигар ҷавонони ноогоҳро тариқи шабакаҳо ба худаш ҷалб карда, хатто бо ҳар роҳҳо аз онҳо маблағҳо ҷамъоварӣ менамояд. Дар аксар вақт шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба доми ин қаллоб мезананд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксар ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта бо ў дар тамос ҳастанд, ки боиси бадномсозии худу ва аҳли оилаву хушу таборашон гардидаанд.

Ин найрангҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамсафони ифротии вайро аксарият мардуми кишвар сари вақт пай бурда, дигар эътиборе намедиҳанд. Аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар низ дар мубориза бо кирдорҳои ношоями ҳаммаслакони собиқ ҲНИ ва ифротгароёну хурофотпарастон ҳамарӯза чораҳои лозимӣ андешида шуда, ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба ин кирдорҳо ҷазоҳои сазовор татбиқ гардида истодаанд.

Махсусан дар вазияти кунунӣ, ки гуруҳҳои ифротгару хоинони беватан мехоханд халалдори сулҳу суботи мо гарданд, дар ин маврид мо бояд ҳушёриро аз даст надода, аз як гиребон сар бароварда нагузорем, ки шахсони ба Муҳаммадиқбол монанд бо гуфтаҳои нохалафонаи худ фикрҳои моро парешон намоянд, байни мардум тафриқа андозанд.

Бахтовар Шарипов - мудири шуъбаи иттилоотӣ ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар