ГУЗАРОНИДАНИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЗАРКОРОН”

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси  нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заркорон-МТМУ №65” баргузор гардид. Дар кори маҷлис мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шодибеги Идӣ, мутахасиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Олимов Раҳмоналӣ, раиси ташкилоти ибтидоии “Заркорон-МТМУ №65” ва  аъзоёни ташкилоти номбурда иштирок намуданд.Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Заркорон-МТМУ №65” оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Заркорон-МТМУ №65” дар давраи ҳисоботӣ.
  2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
  3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Заркорон-МТМУ №65”
  4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Заркорон-МТМУ №65” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заркорон-МТМУ №65” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис масъулини ҳизбӣ баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст. Нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроз аст.