БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РАСИН”

Қубодиён: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён санаи 9-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РАСИН” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “РАСИН ” Раҷабов Фариз оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “РАСИН ” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “ РАСИН”.

4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

           Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “РАСИН ” Раҷабов Фариз оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ РАСИН ” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Музаффаров Иззат баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст.

          Ҳамчунин, раиси тозаинтихоби ташкилот баромад намуда, зикр намуд, ки имруз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош карда, зуҳуроти аслии таҳкими давлатдорӣ ва ривоҷи тараққиёти иқтисодии миллӣ заминаҳои мустаҳкаме гузоштааст. ҲХДТ ҳамчун мазҳари ягонаи сулҳофар баҳри таҳкими пояҳои давлатории миллӣ фаъолияти наҷиберо ба роҳ мондааст, ки зиндагии саодати мардумро вусъат медиҳад. Нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроз аст.