МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АРАЛ”

Восеъ: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ санаи 11-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арал-МТМУ  №2” баргузор гардид.  Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Арал-МТМУ №2” оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Арал-МТМУ №2” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон”.

4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Арал-МТМУ №2” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Арал-МТМУ №2” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Мирзоев Сафаралӣ баромад намуда иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст.