МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БОҒЧАИ №6”

Восеъ: Ҳисобот  

Санаи 10 августи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Боғчаи №6"-и ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ бо иштироки муовини раисиКумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин:

  1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №6”- оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда,
  2. Ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;
  3. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023;
  4. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №6” ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва
  5. Масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Нахуст, мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №6” Шокирова Адолат дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуд. Сипас тибқи масъалаи дигари рўзномаи маҷлис оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №6” бо тарафдории аъзои ташкилот Шокирова Адолат дигарбора раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.