ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ МЕҲНАТОБОД

Восеъ: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидои “Меҳнатобод-МТМУ №51” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома раис бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда, аз сари нав интихоб гардиданд. Ҳамзамон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мирзоев Сафаралӣ ба сухан баромада масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб, тозагӣ гирду атроф, захира кардани маводҳои ғизоӣ ва масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд сухан намуданд. Аз рӯйи масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис пешниҳодшуда барраси гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, аз ҳамагон барои пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолият ва таъсисёби 30-солагии ҲХДТ, даъват ба амал оварданд ва қайд намуданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоянд.