БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНАИ №3”

Восеъ: Ҳисобот  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ санаи 10-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №3”-и ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакии ноҳияи Восеъ баргузор гардид.Дар кори маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3” оғоз намуда, аз рӯи чор масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии  “Беморхонаи №3” дар давраи ҳисоботӣ.

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3” 

4. Масъалаҳои ташкилӣ кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ҳизбии “Беморхонаи №3” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал тадбиқ намудани қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 уми майи соли 2023, №1 “ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи №3” ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис масъулини ҳизбӣ баромад намуда иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳу комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти худро гузошта истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин нишоти халқ сарҷамъи миллат аст. Ҳамчунин дар идома зикр зикр гардид, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош карда, зуҳуроти аслии таҳкими давлатдорӣ ва ривоҷи тараққиёти иқтисодии миллӣ заминаҳои мустаҳкаме гузоштааст.