Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  
 
А.Ҷомӣ: Тибқи нақшаи тасдиқгардида оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ноҳияи А.Ҷомӣ ҳамарӯза маҷлисҳои ҳисоботӣ доир гардида истодааст. Тибқи ҷадвали мазкур дар ҷамоати деҳоти Иттифоқ деҳаи Чорбоғ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар рафти маҷлис корманди масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А.Ҷомӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ташкилоти ибтидои иштирок намуда, фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоии болоро зикр ва баррасӣ намуданд. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, ҳамагонро барои пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолият, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем. Ҳамзамон сокинони маҳаллаи номбурда хотиррасон карда шуданд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пешистода гирду атрофи хонаҳои истиқоматии худро тозаю озода нигоҳ доранд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.