БАРГУЗОРИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ИТТИФОҚ”.

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  
     
А.Ҷомӣ: Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии ҷамоати деҳоти Иттифоқ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома раис ва муовини ташкилоти мазкур бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда, аз сари нав интихоб гардиданд. Ҳамзамон масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис аъзои Раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд. Ҳамзамон бобати ҷараёни маъракаи сиёсӣ “Обуна-2024” ва сари вақт анҷом додани он сухан рафт. Масъалаҳои дар рузномаи маҷлис пешниҳодшуда барраси гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид.
Кумитаи иҷроияи ҲХДӢ дар
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.