Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардид.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи маҷлисҳои ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Литсей касбии техники”-и ба номи Рустами Холалии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни ташкилоти номбурда маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Зимни ҳисоботи худ раиси ташкилоти ибтидоӣ Назаров Раҳматулло зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии “ЛКТ” ба номи Рустами Холалӣ яке аз ташкилотҳои фаъол буда, дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбиву ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҳизбӣ пайваста талош менамоянд.Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳ.Р. оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба ҷавонон омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳоӣ ифротӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуд. Баъдан тибки тартиби муайяншуда Назаров Раҳматулло бо дастгирии аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии хизбии “ЛКТ” ба номи Рустами Холалӣ интихоб гардид.