БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ "РИМСНК (КУМО)"

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “РИМСНК (КУМО)”-и ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд. Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия Сафар Ҳафиза Разоқ иштирок намуд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оғоз намуд. Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, шунида шуд. Сипас раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия баромад намуда, оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқи намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Инчунин қайд гардид, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи моро мебояд дар меҳвари сиёсии мактаби сулҳовари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, саҳми худро дар корҳои созандагию ободонии кишвари азизамон фаъолона гузорем.